Мусобиқаи футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Оснабрюк баргузор гардид

25.05.2026 17:16

24 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо фаъолони диаспораи тоҷикон мусобиқаи футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Оснабрюки Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар партави ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш ва футбол доир гардида, 15 даста аз шаҳрҳои гуногуни Олмон ва дар маҷмуъ зиёда аз 250 нафар бозингарону тамошобинонро ба ҳам овард.

Боиси тазаккур аст, ки соли 2024 Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қатъномаи махсусро оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ҳамчун дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ба таҳкими нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кард.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов иштирокчиёни мусобиқаро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфта, ба ғолибон медал, ҷом, ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа дастаи шаҳри Липпштадт сазовори ҷойи якум, дастаи шаҳри Кёлн соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи шаҳри Оснабрюк барандаи ҷойи сеюм гардиданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg