Дар пешорӯи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» (ш. Душанбе, 25-28 майи соли 2026) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо паёми хеш ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд.
Дар паём аҳамияти об ҳамчун асоси ҳаёт, рушди устувор, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, энергетика ва шукуфоии иқтисодӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар шароити афзоиши таҳдидҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ишора шуд.
«Ғамхорӣ нисбати об - ғамхорӣ баҳри ояндаи муштараки мост», - таъкид гардид дар паём.
Вазири корҳои хориҷӣ аз ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷавонон, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор бори дигар даъват ба амал овард, ки рӯзҳои 25–28 майи соли 2026 дар Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе иштирок намоянд.