10 майи соли 2026 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳ дар Берлин ва дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Тоҷикони Лаҳистон дар шаҳри Варшава мусобиқаи футбол баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар арафаи Рӯзи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол доир шуда, ба таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҳамватанон равона гардид.
Дар мусобиқа 10 даста бо иштироки беш аз 100 нафар ҷавонони тоҷик, ки дар шаҳри Варшава иқомат доранд, ширкат варзиданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳ дар Берлин Имомудин Сатторов зимни суханронӣ иштирокчиёни мусобиқаро ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагӣ миёни ҳамватанон даъват намуда, дастаҳои ғолибро табрик гуфт ва ба онҳо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.




