Мулоқоти Сафир бо Муовини Фармондеҳи генералии Қӯшунҳои сарҳадии Лаҳистон

15.05.2026 15:19

12 майи соли 2026 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Варшава, дар доираи музокироти дуҷониба оид ба лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳ дар Берлин Имомудин Сатторов бо Муовини Фармондеҳи генералии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Лаҳистон генерал-майор Гжегож Неметс мулоқот анҷом дод.

Ҳайати намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар даври музокироти мазкур ба шаҳри Варшава сафар намуданд.

Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо ҷараёни музокирот оид ба лоиҳаи созишномаи мазкурро, ки дар марҳилаи ниҳоии баррасӣ қарор дорад, мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаҳои дигари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардиданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg