12 майи соли 2026 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Варшава, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳ дар Берлин Имомудин Сатторов бо Муовини вазири рушди иқтисод ва технологияи Ҷумҳурии Лаҳистон ва раиси ҷониби лаҳистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ Михал Барановский мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуда, масъалаҳои густариши робитаҳо дар бахшҳои афзалиятноки ҳамкориро мавриди муҳокима қарор доданд.


