Санаи 11 майи соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лаҳистон бо қароргоҳ дар Берлин Имомудин Сатторов бо Ваколатдори Вазири корҳои дохилӣ ва маъмурияти Ҷумҳурии Лаҳистон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамзамон Директори департаменти корҳои байналмилалӣ ва муҳоҷират Павел Домбровский баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ва таҳкими робитаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо рағбати мутақобиларо ҷиҳати идомаи муколамаи созанда баён намуданд.
Аксҳо: Вазорати корҳои дохилӣ ва маъмурияти Ҷумҳурии Лаҳистон





