Таҷлили 81-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Берлин

09.05.2026 19:58

9 майи соли 2026 дар шаҳри Берлин бахшида ба 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ назди маҷмааҳои ёдбуди ҷанговарони шуравӣ дар боғҳои Трептов ва Тиргартен баргузор гардид.

Дар маросими мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ҳамроҳ бо роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок намуда, хотираи қурбониёни ҷанг гиромӣ дошта шуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg