Мулоқот бо роҳбарияти ширкати LANXESS AG

07.05.2026 18:25

6 майи соли 2026 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Холгер Хюппелер, ноиби калони президенти ширкати LANXESS AG баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саноатӣ, аз ҷумла имкониятҳои густариши робитаҳо дар бахшҳои кимиё, логистика ва таъминоти саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин атрофи иқтидори содиротии Тоҷикистон ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор сурат гирифт.

LANXESS AG яке аз ширкатҳои пешбари кимиёвии Олмон ба ҳисоб рафта, дар самти истеҳсоли маҳсулоти махсуси кимиёвӣ, маводи саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ фаъолият дорад.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg