Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо намояндаи фраксияи CDU/CSU дар Бундестаги Олмон

27.04.2026 17:33

24 апрели соли 2026 дар Бундестаги Олмон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов бо вакили Бундестаги Олмон, узви фраксияи CDU/CSU ва Кумитаи корҳои хориҷӣ Стефан Майер баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, бахусус дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва парлумонӣ табодули назар карданд.

Ҳамчунин аҳаммияти густариши ҳамкорӣ дар доираи қолаби «С5+1» ва таҳкими тамосҳои байнипарлумонӣ таъкид гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg