Мулоқоти Сафир бо Президенти Ландтаги Саксония-Анҳалт ва боздид аз корхонаи истеҳсолии AECI Mining Chemicals

22.04.2026 22:08

21 апрели соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Президенти Ландтаги музофоти Саксония-Анҳалт Гуннар Шелленбергер мулоқот анҷом дод. Дар меҳвари мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо музофоти федеролии Саксония-Анҳалт қарор доштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар ин самт баррасӣ карданд.

Дар идомаи суҳбат, Сафир якҷо бо Президенти Ландтаг аз корхонаи «AECI Mining Chemicals» (Schirm GmbH), воқеъ дар шаҳри Шёнебек, боздиди шиносоӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни боздид ҷонибҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, иқтидорҳои техникӣ ва самтҳои асосии фаъолияти корхона аз наздик шинос гардиданд.

«AECI Mining Chemicals» як ширкати байналмилалӣ дар соҳаи истеҳсоли маводи кимиёвии махсус буда, фаъолияти он асосан ба таъмини соҳаи кӯҳкорӣ бо маҳсулот ва технологияҳои дахлдор равона гардидааст. Ширкат реагентҳои металлургӣ, эмулгаторҳо ва дигар маводи кимиёвиро барои коркарди маъдан истеҳсол менамояд. Он бахше аз гурӯҳи «AECI» мебошад, ки соли 1894 таъсис ёфта, имрӯз тақрибан 8 000 корманд дошта, дар зиёда аз 20 кишвар фаъолият менамояд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg