29 марти соли 2026 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои ҳамватанони муқими Олмон — “Пайванди Тоҷикони Олмон” ва “Тоҷикони Олмон” — дар шаҳри Дюсселдорф чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ҳозиринро ба муносибати Наврӯз табрик намуда, таъкид кард, ки ин ҷашни бостонӣ мардумонро ба рӯҳияи нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят менамояд. Ӯ ҳамзамон ба зарурати ҳифз ва муаррифии шоистаи фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, инчунин масъулияти ҳар як ҳамватан дар арҷгузорӣ ба забон ва арзишҳои фарҳангӣ ишора намуда, дар ин замина нақши ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими ҷойгоҳи байналмилалии Наврӯз махсус зикр кард.
Дар чорабинӣ беш аз 1100 нафар меҳмонон, аз ҷумла ҳамватанони муқими Олмон, форсизабонони кишвари иқомат, шаҳрвандони олмонӣ ва дигар меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Сарояндагон Фотима Машрабова, Хушдил Пираков, Насимҷон Марупов, фалаксаро Фируз Файзуллоев ва гурӯҳи мусиқии “RitmX” (Хайрулло Дадобоев, Ута Шиллинг ва Ёдгор Ҷурабеков) бо иҷрои таронаҳои миллӣ ва муосир барномаи фарҳангиро ғанӣ гардониданд. Ҳамчунин, навозандаи фортепиано Сорбон Раҳим ва навозандаи ғиҷҷак Наҷим Ҷаннатов бо иҷрои асарҳои мусиқӣ ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ ва муосири тарроҳони тоҷик Хуршед Сатторов ва Лайло Ҳабибӣ баргузор гардид, ки таваҷҷуҳи зиёди ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, гӯшаи фарҳангӣ бо оростани хони наврӯзӣ, аз ҷумла “Ҳафт-син” ва “Ҳафт-шин”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксҳои зебои табиати Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Барномаи ҷашнӣ инчунин баргузории мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ), барномаи рақсҳои анъанавӣ ва суманак — рамзи Наврӯзро дар бар гирифт, ки он ҳамчун ҷузъи дастурхони миллӣ ба меҳмонон пешкаш гардид.
Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона баргузор гардид.














