28 марти соли 2026 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои дипломатии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин бо ҳамкории ташкилоти байналмилалии фарҳангии «Cultur Cooperation International» ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар толори Ҳукумати ноҳияи Шёнеберг (Rathaus Schöneberg) бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва дар сатҳи баланд баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти Олмон, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон ва намояндаи ташкилоти Cultur Cooperation Int. ширкат варзида, меҳмононро бо ҷашни Наврӯз табрик намуданд.
Намояндагиҳои дипломатӣ гӯшаҳои миллии худро бо анъанаҳо, урфу одат ва фарҳанги хоси кишварҳояшон оро дода, ба чорабинӣ фазои рангоранг ва ҷолиб бахшиданд.
Гӯшаи Тоҷикистон бо либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, мусаввараҳо ва дастархони «Ҳафт Син» ва «Ҳафт Шин» муаррифӣ шуд. Дар қисмати фарҳангӣ меҳмонон бо либосҳои миллии тоҷикӣ аз маҷмӯаи тарроҳони Хуршед Сатторов ва Лайло Ҳабибӣ, навозиши асбобҳои миллӣ (доира ва карнай) дар иҷрои Хайрулло Дадобоев, Ута Шиллинг ва Ёдгор Ҷурабеков шинос гардиданд.









