25 марти соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия бо қароргоҳ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ба шаҳри Прага сафари корӣ анҷом дод, ки дар доираи он як қатор мулоқотҳои корӣ баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни сафар мулоқоти Сафир бо Директори департаменти робитаҳои хориҷии Вазорати маориф, варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Чехия Ладислав Бановек сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф ва илм баррасӣ намуданд. Ба тақвияти мубодилаи академӣ, густариши робитаҳо байни донишгоҳҳо, инчунин ҳамкорӣ дар самтҳои варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон, мулоқоти Сафир бо аъзои Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия Ян Бартошек баргузор шуд. Зимни он ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва рушди муколама дар самтҳои дорои манфиати мутақобила таъкид намуда, саҳми гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар густариши ин раванд муҳим арзёбӣ карданд.
Дар идомаи сафар, мулоқоти Имомудин Сатторов бо Ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Чехия Радек Якубский баргузор гардида, ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузориро самти афзалиятнок донистанд. Дар мулоқот зарурати тавсеаи робитаҳои мустақим байни ширкатҳо таъкид шуда, инчунин имкониятҳои васеи ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши робитаҳо ва ташкили сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои иқтисодӣ иброз намуданд.



