Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳамбург

23.03.2026 22:47

21 марти соли 2026 дар меҳмонхонаи «Grand Elysee Hamburg» бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн Куруш Пуркиён чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Берлин баргузор гардида, дар он инчунин аъзои Сенати шаҳри Ҳамбург, намояндагони доираҳои иқтисодию фарҳангӣ, корпуси дипломатӣ ва ҳамватанони муқими Ҳамбург иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва мавод оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон кишварҳои Осиёи Марказӣ низ гӯшаҳои миллии худро ташкил намуда, фарҳанг ва суннатҳои худро муаррифӣ карданд.

Зимни чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, аҳамияти таърихию фарҳангии онро таъкид карда, Наврӯзро ҳамчун рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироии мардумон арзёбӣ намуд.

Барномаи фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик пианинонавоз Сорбон Раҳим ва овозхонҳо Хушдил Пираков ва Насим Марупов баргузор гардида, фазои идонаро ғанӣ гардонд.

 

Аксҳо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Pourkianpress.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg