Рӯзҳои 3–5 марти соли 2026 дар шаҳри Берлин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “ITB Berlin 2026” баргузор гардид, ки дар он имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуданд.
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ташкил гардида, маводи таблиғотӣ ва дигар маълумоти марбут ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба меҳмонон, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва шарикони эҳтимолӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар доираи намоишгоҳи мазкур, 5 марти соли 2026 дар ҳамкорӣ бо Академияи дипломатияи фарҳангӣ дар шаҳри Потсдам чорабинии Форуми иқтисодии Берлин 2026 таҳти унвони «Тиҷорати байналмилалӣ, сармоягузориҳои устувор ва рушди сайёҳӣ дар иқтисодҳои муосир» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори иҷроия ва муассиси Академияи дипломатияи фарҳангӣ Марк С. Донфрид оғоз гардид. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар форум суханронӣ намуда, ба аҳамияти рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои табииву фарҳангии Тоҷикистон дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ишора намуд.
Дар ҷараёни форум ба иштирокчиён иқтидору имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти муҳими рушди иқтисодӣ муаррифӣ карда шуданд.
Акс: Институти дипломатияи фарҳангӣ / Эстебан Бланшарт






