Иштирок дар Форуми донишгоҳҳо ва илм байни Олмон ва Осиёи Марказӣ дар қолаби “С5+1”

24.02.2026 20:22

23–25 феврали соли 2026 дар шаҳри Ҳалле (Заале), дар қароргоҳи Академияи миллии илмҳои Олмон – Леополдина, дар доираи ҳамкории стратегии минтақавии Олмон ва Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1 Форуми донишгоҳҳо ва илм баргузор гардид.

Форуми мазкур бо дастгирии Вазорати федералии Олмон оид ба таҳқиқот, технология ва кайҳон (BMFTR) ва ташаббуси Донишгоҳи Мартин-Лютер Ҳалле-Виттенберг ва Дафтари инноватсияҳои устувори Осиёи Марказӣ (CASIB) баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории он табодули афкор доир ба вазъи кунунӣ, чолишҳо ва дурнамои ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ байни Олмон ва Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи Форум Ректори Донишгоҳи Мартин-Лютер Ҳалле-Виттенберг, профессор доктор Клаудия Беккер, бо суханронӣ баромад намуда, ба аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаи илм ва маориф таъкид кард.

Дар рӯзи ифтитоҳи Форум, 23 феврал, ҷаласаи пленарии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории сиёсати таҳқиқотӣ байни Олмон ва Осиёи Марказӣ дар қолаби С5+1» баргузор гардид, ки дар он Котиби давлатии Вазорати федералии Олмон оид ба таҳқиқот, технология ва кайҳон доктор Маркус Плейер, инчунин сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов зимни суханронии худ аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотиро барои рушди устувор таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими робитаҳо бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Олмон дар самтҳои таҳқиқоти муштарак ва табодули академӣ изҳор дошт.

Дар ҳошияи Форум Санади муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, таҳқиқот ва инноватсия дар доираи раванди C5+1 байни Вазорати федералии Олмон оид ба таҳқиқот, технология ва кайҳон ва вазоратҳои соҳавии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.

 

Аксҳо: BMFTR/ Markus Scholz

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg