11 феврали соли 2026 дар шаҳри Берлин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс мулқот анҷом дод.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда, ҳавасмандии худро барои густариши минбаъдаи онҳо баён карданд.

