30 январи соли 2026 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Томас Ҳелм, роҳбари иҷроияи ширкати Eurasian Management Solutions GmbH баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла имкониятҳои эҳтимолии ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва сармоягузорӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.
