15 декабри соли 2025 дар шаҳри бандарии Ҳамбург вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Мирко Новак, соҳибкор, намояндаи Палатаи савдо ва саноати Ҳамбург дар самти лоиҳаҳои байналмилалии иқтисодӣ ва долонҳои нақлиётӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии музофоти федеролии Ҳамбург бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин имкониятҳои танзими чорабиниҳои муштарак бо ҷалби доираҳои соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин дар қароргоҳи Консулгарии фахрӣ вохӯрии Сафир бо роҳбарони диаспораҳои форсизабони шаҳри Ҳамбург бо иштироки Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн Куруш Пуркиён баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Сафорат бо форсизабонони ин минтақа, инчунин ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла таҷлили ҷашни Наврӯз дар соли 2026 баррасӣ шуданд.



