12 декабри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар шаҳри Кемнитс бо профессор Томас фон Унверт, роҳбари кафедраи низомҳои пешрафтаи қуввадиҳанда дар Донишгоҳи техникии Кемнитс, директори Институти тадқиқоти автомобилӣ ва раиси кластери “HZwo” оид ба гидроген ва элементҳои сӯзишворӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гидрогени сабз, аз ҷумла бо такя ба иқтидори энергетикии кишвар, инчунин дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама ва баррасии шаклҳои амалии ҳамкорӣ таъкид намуданд.
