8 декабри 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов Сафири навтаъини Португалия дар Олмон, хонум Мадалена Фишерро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мулоқоти сатҳи олӣ, ки 22 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк байни Сарони ду давлат баргузор гардид, ишора намуда, зикр карданд, ки раванди рушди робитаҳои Тоҷикистону Португалия мусбат арзёбӣ мегардад, хусусан дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва тавсеаи минбаъдаи онҳо дар қолаби дуҷониба низ муҳим шуморида мешавад.
Дар анҷоми мулоқот Сафир ба ҳамтои худ дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ барори кор таманно намуд.
