02 декабри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Сардори Раёсати равобити дуҷониба бо кишварҳои Аврупои Марказӣ, Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Хадамоти Канслери федеролӣ Том Пранге мулоқот баргузор намуд.
Дар суҳбат ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.
