Иштироки Сафир дар “Муколамаи сафирон: Роҳҳои нав – бозорҳои нав”

24.10.2025 18:32

  23 октябри соли 2025 дар шаҳри Берлин, дар доираи ҳамоиши байналмилалии “CX Supply Chain”, ки аз ҷониби Созмони федералии логистикаи Олмон (Bundesvereinigung Logistik – BVL e.V.) баргузор гардид, нишасти “Муколамаи сафирон: Роҳҳои нав – бозорҳои нав: Долони нақлиётии миёна ҳамчун муҳаррики рушд барои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ” баргузор шуд.

  Мавзӯи муҳокима ба нақши Долони нақлиётии миёна ҳамчун омили муҳими рушди робитаҳои тиҷоратӣ байни Осиё ва Аврупо бахшида шуда, аҳамияти он барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ таъкид гардид.

  Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон ва роҳбарони ширкатҳои бузурги олмонӣ, аз ҷумла Gebrüder Weiss GmbH, инчунин намояндагони доираҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва логистикии Олмон иштирок намуданд.

  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов зимни суханронӣ зарурати тавсеаи долонҳои нақлиётӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо такя ба мавқеи географӣ ва захираҳои фаровони худ омода аст дар рушди долонҳои байниқитъавӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ нақши фаъол бозад.

  Ҳамзамон, Сафир ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтарсозии инфрасохтор ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ишора намуда, ширкатҳои олмониро барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, логистика ва энергетика даъват кард.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg