21 октябри соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо раиси Гурӯҳи парлумонии “Олмон ва Осиёи Марказӣ”, вакили Бундестаги Олмон Кристиан Гёрке (Die Linke) мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор карданд.
