Аз 10 то 12 октябри соли 2025 дар Академияи евангелии Саксония-Анҳалт дар шаҳри Виттенберг чорабинии Бунёди “Робитаҳои Ғарбу Шарқ” (Stiftung West-Östliche Begegnungen) таҳти унвони «Нигоҳ ба Осиёи Марказӣ — ва бозгашт» баргузор гардида, зимни он масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва муносибатҳои онҳо бо Аврупо муҳокима шуданд.
Рӯзи 12 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов якҷо бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши «Назарҳо, манфиатҳои муштарак ва дурнамои муносибатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуда, мавқеъ ва интизориҳои кишварро оид ба густариши муколама ва ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, бахусус Олмон, баён намуд.


