Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи саноатии Брно

10.10.2025 20:23

Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Чехия ва дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Чехия, аз 6 то 10 октябри соли равон ҳайати расмии Тоҷикистон бо сарварии Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар ва раҳнамоии Сафири Тоҷикистон дар Чехия Имомудин Сатторов, дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ “MSV International Engineering Fair” дар шаҳри Брно ширкат варзид.

Дар ҳошияи чорабинӣ, ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок намуда, суханронӣ кард. Ҳамзамон, дар ин давра ҷаласаи сатҳи коршиносони Гуруҳи байниидоравии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва саноатӣ баргузор гардид.

Илова бар ин, дар шаҳрҳои Брно ва Прага як қатор вохӯриҳо бо намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Чехия баргузор шуданд. Аз ҷумла, гуфтугуҳои судманд бо роҳбарияти вазоратҳои саноат, нақлиёт ва корҳои хориҷии Чехия, инчунин бо намояндагони ширкатҳои Austin Powder, T Machinery, Škoda Transportation, Omnipol ва Sklostroj баргузор гардиданд.

Дар натиҷаи ин мулоқотҳо, тамосҳои мустақими корӣ барқарор гардида, нақшаҳои мушаххас барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда муайян шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg