10 сентябри соли 2025 дар маркази шаҳри Берлин ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он вакилони Бундестаг, намояндагони вазоратҳои федералии Олмон, корпуси дипломатӣ, доираҳои иқтисодию фарҳангӣ, намояндагони расонаҳо ва ҳамватанони муқими Олмон иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар суханронии худ Истиқлолро дастоварди бузурги таърихӣ арзёбӣ намуда, ба комёбиҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора кард.
Бо суханронии табрикотӣ ҳамчунин ҷаноби Никлас Вагнер, ваколатдори махсуси навтаъини Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баромад намуда, паёми табрикоти Ҳукумати Федералии Олмонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ расонд. Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон шарики боэътимоди Олмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои ҳифзи иқлим, илму фарҳанг, таҳкими амният, инчунин ҳамкорӣ дар доираи сиғаи C5+1 идома хоҳанд ёфт.












