4 сентябр Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Котиби давлатии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеролии Олмон Нилс Анне мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон мубодилаи афкор намуда, роҳҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карданд.
