Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Олмон барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои меҳнат ва омӯзиш

21.07.2025 23:18

Аз 14 то 18 июли соли 2025 сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода ва бо иштироки Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир гардид.

15 июл дар шаҳри Мюнхен, бо ширкати Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов, ҳайат мулоқотҳои расмӣ бо вакилони Ландтаги Бавария, намояндагони Вазорати иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетика, Макрази иқтисодии Бавария ва Вазири корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Бавария Эрик Байсвенгер баргузор намуд.

Дар идомаи сафар, санаи 18 июл дар шаҳри Берлин мулоқоти ҳайат бо котиби давлатии Вазорати федералии меҳнат ва умури иҷтимоии Олмон Лилиан Чан, баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи меҳнат ва шуғл баррасӣ шуданд.

Ҳамон рӯз дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин мулоқоти кории ҳайати Тоҷикистон бо Президенти  Ландтаги Саксония-Анҳалт Гуннар Шелленбергер ва роҳбари ширкати TELC GmbH Юрген Кайхер баргузор шуд.

Зимнан маросими имзои Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати TELC GmbH дар бинои намояндагии дипломатӣ баргузор гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg