11 ва 12 июли соли 2025 дар шаҳри Магдебурги Ҷумҳурии Федеративии Олмон ду чорабинии муҳим: Форуми иқтисодӣ ва Мусобиқаи варзишӣ — пойгаи аспдавонӣ, баргузор гардиданд. Чорабиниҳои мазкур бо ташаббуси German Global Trade Forum Berlin ва шабакаи соҳибкорони H4 Racing Club дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ташкил гардида, ба як платформаи муҳими муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов зимни суханронии худ дар Форуми иқтисодӣ таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ муҳити мусоиди ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои ҷолиб муҳайё намуда, ба рушди ҳамкориҳои судманд бо Олмон ва дигар кишварҳо манфиатдор мебошад. Ӯ қайд кард, ки соҳаҳои энергетика, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ, логистика ва транзит аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Дар ин чорабинӣ сафирон ва намояндагони расмии як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Қирғизистон, Малдив, Непал, Оман, Покистон, Словения, Уругвай Хитой ва Шри-Ланка инчунин намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва васоити ахбори оммаи Олмон иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи ин чорабинӣ, 12 июл мусобиқаи варзишӣ — пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамкорӣ сурат гирифт. Пойга дар масофаи 1800 метр баргузор шуда, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ин мусобиқа таваҷҷуҳи беш аз 3000 нафар тамошобинро ба худ ҷалб намуда, дар қатори меҳмонон намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, саноат, сиёсат ва фарҳанги музофоти Саксония-Анҳалт низ ҳузур доштанд, ки ба рушди робитаҳои нави тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар фарҷоми ин чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов таъкид намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву варзишӣ барои муаррифии имкониятҳои кишвари мо мусоидат карда, ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Олмон ва дигар кишварҳо нақши муассир хоҳад гузошт.










