Мулоқоти Сафир бо роҳбари ширкати TELC

11.07.2025 21:22

10 июли соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбари ширкати TELC gGmbH (The European Language Certificates) Юрген Кайхер мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши омӯзиш ва арзёбии сатҳи дониши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла имкони таъсиси намояндагии TELC дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg