Санаи 2 июли соли 2025 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Лаҳистон, мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомудин Сатторов бо ҳамватанон дар шаҳри Варшава баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории шаҳрвандон бо Сафорат, нақши диаспора дар муаррифии кишвар ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҳамватанон дар хориҷ баррасӣ шуданд.
Сафир зарурати тақвияти ҳамбастагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва риояи қонунҳои кишвари иқоматро таъкид намуда, омодагии Сафоратро ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҷомеаи тоҷикон дар хориҷ иброз дошт.


