Идомаи сафари расмӣ ба Лаҳистон

07.07.2025 22:31

3 июли соли 2025, дар чаҳорчӯби сафар ба Ҷумҳурии Лаҳистон, Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лаҳистон бо қароргоҳ дар Берлин Имомудин Сатторов як қатор мулоқотҳо бо роҳбарони сохторҳои калидии давлатии ин кишвар дар шаҳри Варшава баргузор гардид.

Зимни мулоқот бо Муовини Сардори Қӯшунҳои сарҳадии Лаҳистон генерал-майор Гжегож Неметс масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амнияти сарҳадӣ баррасӣ гардид.

Дар мулоқот бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии Лаҳистон ва Тоҷикистон Томаш Костуш ва муовини ӯ Збигнев Хмеловетс аҳаммияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва нақши онҳо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона таъкид шуд. Ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи муколамаи мустақим ва густариши ҳамкорӣ изҳор доштанд.

Ҳамчунин, Сафир бо Муовини вазири рушди иқтисод ва технология ва раиси ҷониби лаҳистонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ Михал Барановский мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, инчунин масъалаи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияро бо дарназардошти самтҳои афзалиятноки ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg