Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Олмон таҷлил гардид

01.07.2025 22:48

28 июни соли 2025, бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва бо ҳамкории фаъолони диаспораи тоҷикон, дар минтақаи Шимоли Райн — Вестфалия, ки шумораи зиёди ҳамватанони муқими Олмонро фаро мегирад, чорабинии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои гуногуни Олмон ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов оғоз ёфт. Сафир ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ёди рӯйдоди таърихие мерасад, ки бо талошу ҷонбозиҳои мардуми тоҷик ва роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, оғози марҳалаи нави сулҳу субот ва рушди устувори кишвар гардид. Ӯ зарурати ҳифзи ваҳдат ва нақши ҷавононро дар таҳкими он махсус таъкид кард.

Дар идомаи чорабинӣ, барномаи фарҳангии идона бо иҷрои сурудҳо ва рақси миллӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Дар барнома Умедҷони Бурҳон, Фарҳоди Шамс, Анушервон Лолазорбеков ва ансамбли мусиқии миллӣ “Ritm-X” аз шаҳри Ҳамбург ҳунарнамоӣ карданд. Баромади онҳо бо истиқболи гарми иштирокчиён рӯ ба рӯ шуда, фазои идонаро бо эҳсоси ваҳдату ҳамбастагӣ гарм кард.

Дар поёни чорабинӣ барои иштирокчиён дастурхони миллӣ ороста шуд. Ҷашн дар фазои гарму самимӣ, бо эҳсоси ифтихор аз Ватан ва дидори ҳамдиёрон, хотирмон анҷом ёфт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg