Аз 29 май то 1 июни соли 2025, бо ташаббуси Вейт Ҳелмер — коргардони олмонӣ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Nipkow Programm e.V. дар кинотеатри машҳури шаҳри Берлин «BABYLON» Фестивали филмҳои коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров бо номи «Das magische Kino des Bakhtyar Khudojnazarov» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ қайд гардид, ки осори Б. Худойназаров на танҳо саҳми арзанда дар рушди синамои тоҷик ва минтақа мебошад, балки дорои забони хоси бадеӣ ва ҷаҳонӣ мебошад, ки ба қалби тамошобинон новобаста аз миллату синну сол таъсири амиқ мерасонад.
Дар доираи фестивали мазкур, як қатор филмҳои маъруфи Б. Худойназаров, аз ҷумла «Падари моҳтобӣ» (Лунный Папа), «Қош ба Қош» ва дигар филмҳои ӯ ба намоиш гузошта шуданд.