27 майи соли 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Роҳбари навтаъиншудаи Намояндагии минтақавии Бонки рушди Олмон (KfW) дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Петар Георгиев мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ Сафир нақши арзанда ва саҳми муассири Бонки рушди Олмонро дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қайд карда, изҳор намуд, ки Бонк дар оянда низ ба татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ саҳми назаррас хоҳад дошт.
Сафир ҷаноби Георгиевро ба муносибати ба уҳда гирифтани масъулияти нав табрик гуфта, дар иҷрои фаъолиятҳои минбаъдааш барору комёбӣ таманно кард.