21 майи 2025 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов Раиси Шӯрои сарпарастони Бунёди “Робитаҳои Ғарбу Шарқ”, (собиқ нахуствазири замини Бранденбург ва Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Олмон) Маттиас Платсекро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, хусусан дар самти иштироки ҷавонон ва табодули фарҳангии байни ҷавонон, баррасӣ гардид. Таъкид гардид, ки ташаббусҳои муштарак дар ин замина метавонанд ба таҳкими робитаҳои байни ҷомеаҳо ва муаррифии дуҷониба мусоидат намоянд.