Шаби фарҳангӣ ба ифтихори Абуқосими Фирдавсӣ

22.05.2025 17:19

15 майи соли 2025 дар Сафорати Эрон дар Берлин дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон, “Шаби фарҳангӣ бахшида ба Абуқосими Фирдавсӣ” бо ҳузури доираи васеи ходимони илм, шарқшиносон ва адабиётшиносони форсизабони муқими Олмон баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомудин Сатторов, дар суханронии худ нақши таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”-ро дар ташаккули худшиносӣ ва рушди фарҳанг, адабиёт ва маорифи Тоҷикистон таъкид намуда, зикр кард, ки эҷодиёти Фирдавсӣ пояи дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳои форсизабон мебошад ва панду андарзҳои он ба тарбияи хислатҳои неки инсон мусоидат мекунад.

Сафири Эрон, ҷаноби Маҷид Нили Аҳмадабадӣ, аз абадият ва паёми сулҳу хирад дар ашъори Фирдавсӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки шоирон Фирдавсӣ ва Гёте шеърро ҳамчун пойгоҳи сулҳ медиданд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки «Шоҳнома» дорои арзишҳои ахлоқиву тарбиявӣ буда, панду андарзҳои он барои тарбияи инсон ва таҳкими ваҳдату сулҳ дар ҷомеа муҳим мебошанд.

Дар идома, порчаҳо аз “Шоҳнома” қироат гардида, барномаи мусиқии тоҷикӣ ва эронӣ баргузор шуд. Навозандагон бо асбобҳои мусиқии миллӣ – доира, сетор ва сантур – баромад карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg