7 майи соли 2025 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намояндагии Иттиҳодияи федеролии соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW) баргузор гардид.
Ифтитоҳи дафтари мазкур бо ташаббус ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон сурат гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи он ҳайати олмонӣ таҳти роҳбарии Андреас Ян – директори федералии сиёсати байналмилалӣ ва савдои Берунаи BVMW, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф, инчунин дигар меҳмонони расмӣ иштирок доштанд.
Иттиҳодияи BVMW беш аз 1 миллион ширкати олмониро муттаҳид месозад ва ҳадафи он мусоидат ба рушди фаъолияти аъзоён дар бозорҳои байналмилалӣ мебошад. Дафтари навтаъсиси Иттиҳодия дар шаҳри Душанбе 93-юмин намояндагии он дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ба густариши ҳамкориҳои мустақими иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни соҳибкорони Тоҷикистону Олмон равона шудааст.
Ҳамзамон, дар ҳамон рӯз дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Дар форум намояндагони 20 ширкати олмонӣ аз бахшҳои гуногун, аз ҷумла бонкдорӣ, кишоварзӣ, суғурта, сохтмон, нақлиёт, дорусозӣ ва дигар соҳаҳо, иштирок намуда, бо доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон мулоқот ва мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар доираи форуми мазкур як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи BVMW, инчунин Ёддошти тафоҳум миёни ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва Фурудгоҳи Триво Ҳан-и Олмон.
Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон бо баргузории вохӯриҳои дуҷонибаи B2B миёни ширкатҳои ҳарду кишвар ҷамъбаст гардида, ба тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳамчунин, дар ҳошияи форуми зикршуда, 8 майи соли 2025 вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Иттиҳодияи соҳибкорони хурду миёнаи Олмон (BVMW) баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба имкониятҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои саноат, воридоти технологияҳои нав, рушди соҳибкории хурду миёна ва таъсиси корхонаҳои муштарак мубодилаи афкор намуданд. Вазири саноат ва технологияҳои нав имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва соҳаҳои афзалиятноки саноатиро муаррифӣ кард.
Ҳайати BVMW омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва воридоти таҷриба ва технологияи муосири олмонӣ ба Тоҷикистон изҳор намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати баргузории ҳамоишҳо ва форумҳои муштараки соҳибкориро таъкид карданд.