5 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллӣ намоиши байналмилалии асарҳои рассом ва муҷассамасози маъруфи олмонӣ, профессор Гюнтер Уэкер таҳти унвони “Хотира аз Ҳофиз” ифтитоҳ ёфт. Намоиш ба ифтихори 700-солагии шоири бузурги тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ баргузор мегардад.
Дар маросими ифтитоҳ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Сатторов Имомудин, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф, инчунин дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар намоиш зиёда аз 40 асари нодири санъати тасвирӣ ва ду намунаи санъати ороишӣ-амалӣ — ҳайкалчаҳои биринҷии “Китоби болишт” ва “Нон” пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд. Асарҳо ба эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ бахшида шуда, қаблан дар шаҳрҳои Шероз, Теҳрон ва Дюсселдорф ба намоиш гузошта шуда буданд.
Профессор Гюнтер Уэкер яке аз намоёнтарин намояндагони санъати муосири Олмон буда, шефтаи ашъори Ҳофиз мебошад. Ӯ силсилаи асарҳояшро таҳти унвони “Хотира аз Ҳофиз” гирд овардааст, ки таърифгари робитаи амиқи маънавӣ ва фарҳангии миллатҳо мебошад.
Намоиши “Хотира аз Ҳофиз” дар Осорхонаи миллӣ то 5 июли соли 2025 идома хоҳад ёфт.