10 апрели соли 2025 дар шаҳри Любек, ки бо маркази таърихии худ ҳамчун Мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО эътироф шудааст, ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург, Шлезвиг-Ҳолштайн баргузор гардид.
Чорабинӣ дар толори бошукӯҳи Аудиенцзали — яке аз толорҳои маъруфи таърихии бинои шаҳрдории (Rathaus) шаҳри Любек, ки бо ороишоти нодири давраи Рококо ва расмҳои рассоми итолиёӣ Стефано Торелли машҳур аст, баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар суханронии худ Наврӯзро ҷашни эҳё ва рамзи дӯстиву ваҳдати халқҳо номид. Ӯ таъкид намуд, ки Наврӯз паёми сулҳ ва ҳамбастагиро бо худ меорад ва дар сухани худ ҳамчунин ба суннату анъанаҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ишора кард.
Шаҳрдори Любек Ян Линденау низ зимни суханрониаш ба ҷашни Наврӯз баҳои баланд дода, онро рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангҳо номид.
Консули ифтихорӣ Куруш Пуркиён ба аҳамияти таҷлили пайвастаи Наврӯз дар Любек ва нақши он дар муаррифии фарҳанги халқҳои минтақаи Наврӯз таъкид кард.
Суфраи анъанавии “ҳафт син”, ки яке аз рамзҳои муҳими Наврӯз маҳсуб меёбад, ба намоиш гузошта шуда, ба шукӯҳи ҷашн ҷамоли анъанавӣ илова намуд.