Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи куҳкорӣ бо Саксония

22.01.2025 16:55

21 январи соли 2025, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, Имомудин Сатторов, дар доираи сафари корӣ ба музофоти федеролии Саксония, дар шаҳри Фрайберг бо Роҳбари Хадамоти назорати коркарди маъданҳои куҳӣ дар музофоти Саксония (Sächsisches Oberbergamt), профессор доктор Бернҳард Крамер мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни суҳбат, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Саксонияро дар соҳаи куҳкорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, дар доираи сафари мазкур, Сафир бо проректори Академияи саноати куҳии Донишгоҳи техникии Фрайберг (TUBAF), профессор доктор Тобиас Фибек мулоқот намуд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими равобити байнидонишгоҳӣ дар анҷом додани корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар ин муассисаи илмӣ ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷоми мулоқот Имомудин Сатторов дар китоби меҳмонони ифтихории Академияи саноати куҳии Донишгоҳи техникии Фрайбергро имзо намуд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg