Иштироки Сафир дар Форуми шарикии Олмон – Осиёи Марказӣ

28.11.2024 12:38

26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Берлин бо ташаббуси Бунёди "Stiftung West-Östliche Begegnungen" ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Форуми шарикии Олмон – Осиёи Марказӣ, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарону намояндагони сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, инчунин, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, фаъолон ва хабарнигорон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, иштирок намуданд.

Сафири Тоҷиқистон зимни баромади худ як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла рушди муносибатҳои ҳамаҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазъи занон, маориф, тандурустӣ ва фарҳангро матраҳ намуд.  

© Sandra Kühnapfel

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg