26 октябри соли 2024 дар донишгоҳи Ҳумболдти шаҳри Берлин муаррифии китоби «Тоҷикони Хуросон» бо иштироки кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон баргузор гардид. Ин китоб аз 3 қисм иборат буда, аз ҷониби таърихшиноси шинохтаи Афғонистон доктор Соҳибназар Муродӣ (айни замон дар шаҳри Мюнхен кору фаъолият дорад) навишта шудааст.
Дар маросими муаррифии китоб шаҳрвандони форсизабони муқими Олмон, аз ҷумла донишмандон, зиёиёни эҷодӣ ва донишҷӯён ширкат доштанд.
Зимни чорабинӣ доктор С.Муродӣ оид ба раванди таҳқиқи ин асари илмӣ ва аҳамияти он барои шинохти тоҷикон маълумот дода, қайд намуд, ки ин китоб гуногунҷабҳа буда, таъриху фарҳанг ва сарнавишти миллати тоҷикро дар бар мегирад.
Иштироккунандагон дар муҳокимаҳое, ки дар атрофи китоб сурат гирифтанд, фаъолона иштирок намуда, андешаҳои худро дар бораи мавзӯъҳои марбут ба фарҳанг, таърих ва расму ойинҳои тоҷикон баён намуданд.
Ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки китоби «Тоҷикони Хуросон» бо забони форсӣ дар Эрон ва Канада ба нашр расидааст ва айни ҳол бо забонҳои англисӣ ва олмонӣ ба чоп расонидани он ба нақша гирифта шудааст.