10 октябри соли 2024 сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ба шаҳри Магдебурги музофоти федеролии Саксония-Анҳалт баргузор гардид.
Зимни сафар мулоқоти Сафир бо Сарвазири Саксония Анҳалт Райнер Хазелофф ва Вазири иқтисод, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали ин музофот Свен Шулсе сурат гирифта, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дучониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, нерӯи таҷдидпазир, ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ва ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистон матраҳ гардиданд.
Дар доираи сафари мазкур Сафир аз ҷониби Президенти Ландтаги ( Парлумони ) музофоти федеролии Саксония-Анҳалт Гуннар Шелленбергер ба ҳузур пазируфта шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва музофоти Саксония-Анҳалт суҳбат намуданд.
Дар вохӯрӣ бо шаҳрдори Магдебург, Ваколатдор оид ба фарҳанг, мактабҳо ва варзиш Регина-Долорес Штилер-Ҳинз ҷонибҳо дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои шаҳри Магдебург бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Бо мақсади рушд ва фаъолсозии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо музофоти Саксония-Анҳалт мулоқоти Сафир бо роҳбарони Палатаи савдо ва саноати шаҳри Магдебург Элиза Хайнке ва Нилс Аппелт баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва музофоти мазкур, ташкили форумҳои иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе ва Магдебург баррасӣ гардиданд.