28 сентябри 2024 дар шаҳри Ҳамбург дар ҳамкорӣ бо Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург, Шлезвиг-Ҳолштайн ва ҷамъиятҳои форсизабонони ин шаҳр ҷашни таърихии ниёгони тамоми мардуми форсизабон – Меҳргон баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов оид ба ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон ва нақши ин ойини тоҷикон ҳамчун омили муҳимми таҳкими ҳувияти миллӣ суханронӣ намуда, дар мавриди дастовардҳои кишвар дар давраи Истиқлоли давлатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.