Мулоқоти Сафир дар шаҳри Дюсселдорф

25.09.2024 09:37

20 сентябри соли 2024 сафари кории Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба шаҳри Дюсселдорфи музофоти федералии Рейн-Вестфалияи Шимолӣ сурат гирифт.

Дар рафти ин сафар вохӯрии Сафир бо Гюнтер Уэкер (Günther Uecker) – рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот Сафир оид ба таъриху фарҳанг, расму оин, анъанаҳои қадими тоҷикон ва дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ сӯҳбат намуд.

Гюнтер Уэкер дар навбати худ қайд кард, ки Тоҷикистон воқеан дорои таъриху фарҳанги қадим ва табиати зебо буда, макони ҷолиб барои боздид мебошад.

Дар ин замина, Сафир пешниҳод намуд, ки Гюнтер Уэкер дар давоми соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар шаҳри Душанбе намоиши расмҳои худро, аз ҷумла намоиши машҳурашро таҳти унвони "Homage to Hafez ("Хотира аз Ҳофиз")", ки аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст, баргузор намояд. Пешниҳоди Сафир бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Бояд қайд кард, ки яке аз утоқҳои бадеии бинои Парлумони Олмон Бундестаг дар мавзӯи динҳои ҷаҳонӣ бо усулҳои минималистии бадеӣ ва меъморӣ ҷиҳати фароҳам овардани фазои муносиб барои мулоҳиза ба як ҳар равияи динӣ пурра аз ҷониби Гюнтер Уэккер ороиш дода шудааст.

Барои маълумот: Гюнтер Уеккер 13 марти соли 1930 дар шаҳри Вендорфи замини федеролии Мекленбург-Форпоммерн таваллуд шудааст.

Ӯ ҳамчун рассом ва муҷассамасоз тамоми қувваи эчодии худро ба озодии санъат бахшида, ҳамчун аъзои гурӯҳи “ZERO” ба таърихи санъат ворид шудасст. Таҷрибаи ӯ ҳамчун наҷотёфтаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ барои рассом амиқ ва ташаккулдиҳанда буд. Мисли зилзиласанҷ, Г. Уеккер ривоятҳои ба ҳам пайвастаро дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон ҳис карда, эътироф мекунад.

Ӯ робитаҳои ҳаётан муҳимро байни забонҳои гуногун, тавассути арзишҳо ва низоми рамзҳои гуногун насб менамояд. Дар санъати ӯ қудрати маърифат ва амал як ҷузъ мешаванд. Г. Уеккер худро ба бегонапарастӣ дучор мекунад, то аз он ҳақиқат ва зебоӣ бигирад, зеро ӯ ба созишномаҳои сулҳи байни фарҳангҳо боварии комил дорад.

Гюнтер Уэккер бо ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла ҷоизаи давлатии Кайзерринг - соли 1983, Ордени Олмон “Барои хизмати барҷаста дар соҳаи илм ва санъат” - соли 2000 ва Салиби калони федералӣ “Барои хизмати барҷаста дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон” - соли 2006 сарфароз гардонида шудааст.

Намоишҳои ӯ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Олмон, ИМА, Эрон, Куба, Испания, Австрия, Бразилия, Италия, Шветсия, ва Швейтсария баргузор шудаанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg