Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Берлин

17.09.2024 10:25

12 сентябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки вакилони Бундестаг (Парлумон) ва парлумонҳои заминҳои федералӣ, намояндагони вазоратҳои федералии Олмон, корпуси дипломатӣ, доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ, хабарнигорон ва ҳамватанони муқими Олмон баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов маросимро ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти хосаи ин рӯзи муқаддас барои тоҷикистониён, дастовардҳои сиёсиву иқтисодии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg