3 сентябри соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Проректор оид ба робитаҳои хориҷӣ ва корҳои аврупоии Донишгоҳи Ҳумболдт доктор Йоан Вилайн мулоқот намуд.
Зимни суҳбат имкониятҳои роҳандозии ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳумболдт дар самтҳои илму маориф, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ муҳокима гардиданд.
Барои идомаи баррасии самтҳои ҳамкории дорои манфиати тарафҳо ҳавасмандӣ изҳор гардид.