10 сентябри соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин зимни сафари корӣ ба шаҳри Вена бо Бақит Ҷусупов – ҳамоҳангсози Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масълаҳои иқтисодӣ ва муҳитизистӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону САҲА дар чаҳорчӯби ченаки иқтисодӣ-муҳитизистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба лоиҳаҳои марбутаи татбиқшавандаи САҲА дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan